Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра иҷро намуданд

Октябрь 1, 2024 12:00

РАШТ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро ба хизмати содиқона ба Ватан гусел карданд.

Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки «мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки хизмат ба Ватан хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд ватанро дар баробари ҷони худ, мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз намоем. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».

Даъватшавандагони ноҳияҳои минтақаи Рашт иброз доштанд, ки «мо имрӯз бо амри дилу виҷдон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст мегардем. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки Ватанро содиқона ҳифз намуда, сарбаландона ба назди падару модарамон бармегардем». Маҳз ҳамин масъулиятшиносии ҷавонон аст, ки ҳамасола нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияҳои ин минтақа сари вақт ва сад фоиз иҷро мегардад.

Дар ҳамоиш ба 145 нафар наваскароне, ки даври ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Зимни ҳамоиш Фариза Раҳмуддинова, модари наваскар Муҳаммадшофеъ Орзуев гуфт, ки «мо, модарони Раштонзамин аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ гардиданд. Мо, модарон сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Имрӯз аз он меболем, ки фарзандони мо масъулияти ватандӯстиро эҳсос намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ пайваст мегарданд».

Дар хатми ҳамоиш чун анъана маросими «Кулчагазон» ва барномаи консертӣ баргузор шуд.

АКС: АМИТ «Ховар

Октябрь 1, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад