Оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсия сарчашма ва кафили бақои ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ маҳсуб шуда, дар он иродаи ягонаи сиёсии мардум таҷассум гардидааст. Мардуми Тоҷикистон бо ихтиёр ва истифода аз ҳаққи интихоби худ Конститутсияро қабул намуда, роҳи минбаъдаи давлатро мушаххас карданд. Ин санади тақдирсоз ҳамчун таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии бинои давлатдорӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсир мегузорад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба волоият ва арзиши баланди қонун, эҳтиром ба он ва бо ин роҳ тақвияти маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа, инчунин масъалаҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, истифодаи нодуруст аз воситаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим ибрози назар карда шуд.
Гуфта шуд, ки ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, тамоми саъю кўшиш ва нерую донишашонро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи Ватан равона менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






