Ғолибони Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» қадрдонӣ гардиданд

Октябрь 17, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш синамогарон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия, меҳмонон ва дӯстдорони синамои тоҷик иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ташаббуси навбатии филмофарони тоҷик буда, он таҳти роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар мамлакат идома дорад.

«Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» теъдоди зиёди ҳунармандони асил, ҷавон, коршиносон ва мухлисони баландзавқи синаморо аз давлатҳои гуногун ба ҳам оварда, барои мубодилаи афкор ва баррасии тамоюлҳои нави рушди синамои муосир арсаи васеи касбӣ мегардад»,-баён дошт Дилрабо Мансурӣ.

Иброз гардид, ки дархости зиёд аз киностудияҳои давлатию хусусӣ ва шабакаҳои телевизионӣ нишони таваҷҷуҳи махсус ба синамоҷоиза буда, он ба густариши ҳамкорӣ ва рушди синамои муосир, шиносоӣ бо таърихи пурифтихору фарҳанги ғаниву воло ва хусусияти хоси миллӣ мусоидат мекунад.

Барои ба даст овардани ин ҷоизаи миллӣ ҳайати доварони байналмилалӣ ба беҳтарин филмҳои нави ватанӣ, ки аз ҷониби филмофарони дохилӣ рӯйи навор омадаанд, баҳо гузоштанд.

Имсол «Шоҳҷоиза»-и Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» насиби Муҳиддин Музаффар барои филми «Моҳӣ дар шаст» гардид.

Ҷоизаи «Беҳтарин филми мустанад» ба филми «Пайравони ҳақиқат»-и Рустам Шоазимов, «Беҳтарин филми тасвирӣ» ба филми «Зани порсо»-и Фирдавс Насруллозода, «Беҳтарин филми ҳунарӣ» ба «Дар талоши ҳақиқат»-и Манзаралӣ Шералӣ, «Беҳтарин филми дебют» ба филми «Фурӯғ»-и Одина Маҳмад, «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми «Модар»-и Нигина Раҷабова, «Беҳтарин коргардон» ба Рустам Отахонов барои филми «Танҳо ту», «Беҳтарин дизайн» ба Восеъ Набиев барои филми «Танҳо ту», «Беҳтарин наворбардор» ба Шуҳрат Қурбонов барои филми «Танҳо ту», «Таваҷҷуҳи тамошобин» ба филми «Ғам»-и Музаффар Шодиев, «Беҳтарин нақши кӯдакона» ба Зулайхои Абдуҳаким барои филми «Се хоҳарон», «Беҳтарин нақши занона» ба Таҳмина Раҷабова барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин нақши мардона» ба Насриддин Нуриддинов барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин коргардон» барои филми «Зиндагӣ зебост» ба Далер Раҳматов, «Беҳтарин танзим» барои филми «Мактаби мардонагӣ» ба Дилшод Раҳмонов дода шуд.

Ҷоизаи ифтихории Синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон»- «Килки заррин»-ро барои «Беҳтарин филмноманавис» Абдурофеъ Рабизода соҳиб гардид.

Ҳамчунин барои иштирок дар ин синамоҷоиза ба филми «Ҳафт марвориди Шинг»-и Аслам Садриддин, «Ҳоло ки ман ҷавонам»-и Ғолибшо Мусоев, «Садои тамаддун»-и Тоҳир Асрориён, «Фарзанди фарзонаи миллат»-и Иззат Самадӣ, «Мавлоно»-и Далер Ҳасанзода ва филми «Ҳафткӯл»-и Шавкат Муҳаммадиев Дипломи Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» дода шуд.

Ҳадаф аз баргузории озмун тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад.

Ба озмуни Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои иштирок ва рақобат беш аз 50 филми пурра, кӯтоҳ, бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад