Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 17, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз тарафи соҳибкор – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов дар масоҳати 0,20 гектар бунёд гардидааст.

Сардхонаи навсохт дорои таҷҳизоти муосири худидоракунӣ буда, барои нигоҳдории 2000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти замонавӣ муҳим номида, ба масъулони соҳа супориш доданд, ки бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти зудвайроншаванда шумораи сардхонаҳои муосирро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд намоянд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани сардхонаи нав 10 нафар сокини деҳаи Ғайрат ба кор таъмин гардиданд.

Ҳоло дар сардхонаи тозабунёд ба миқдори зарурӣ ангури аълосифати хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» ҷой карда шудааст, ки ҳамарӯза аз ин ҷо харидорӣ мешавад.

Ҳоло дар назди 87 хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 24 ҳазор тонна маҳсулот амал менамояд, ки дар он 500 нафар кор мекунанд.

Мувофиқи маълумот хоҷагии мазкур 22 гектар замин дар ихтиёр дорад, ки қисми зиёди онро боғу токзор ташкил медиҳад.

Ҳамасола саҳмдорони хоҷагӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз 6 навъи ангур ҳосили беш аз 600 тонна маҳсулот ба даст меоранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз гармхонаи доимамалкунандаи хоҷагии мазкур дидан карданд.

Масоҳати гармхона 54 садякро ташкил дода, дар он кучати сабзавот тариқи обмонии қатрагӣ парвариш меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагидорон аз кишти асосӣ ҳосили 30 тонна помидор ва 70 тонна бодиринг гирифтаанд.

Дар ин хоҷагӣ ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 35-40 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишти такрорӣ ҳосили бодиринг фаровон асту ҳамарӯза саҳмдорон онро ҷамъоварӣ намуда, ба харидорон пешниҳод мекунанд.

Сокинони шаҳри Турсунзода бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонҳосилӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, баробари беҳсозии сатҳи зиндагӣ ҳамзамон дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов якҷо бо фарзандонаш аз ҳисоби фоида дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мактаби замонавӣ, бунгоҳи нави саломатӣ ва 1,5 километр роҳ бунёд карда, ҳамзамон барои сокинони деҳаи Ғайрат об оварданд ва оянда боз нақша доранд, ки коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот бо таъсиси 40 ҷойи корӣ бунёд намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон ва сокинони заҳматкаши шаҳри Турсунзода суҳбат намуда, онҳоро ба истифодаи боз ҳам самараноки заминҳои корами кишоварзию наздиҳавлигӣ, захираи маводи хӯрока ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ҳидоят намуданд.

Роҳбарияти шаҳри Турсунзода ва хоҷагиҳои деҳқонии он бо истифода аз ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки пойтахти кишварро дар чор фасли сол ба тамоми маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунанд. Барои ин тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои водии Ҳисор барои таъмини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти хушсифат қарордодҳои лозимӣ баста шавад.

Роҳбари давлат пас аз ифтитоҳи сардхона ва боздид аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» корхонаи истеҳсоли хишт ва қубурҳои пластикии ҶДММ «Нигора»-ро ба таври маҷозӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар корхона дар як сол ба миқдори 4,6 миллион дона хишти пухта ва 36 тонна қубурҳои пластикии гуногунқутр истеҳсол шуда, 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои нави иншооти соҳаи саноат шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми ду соли оянда дар шаҳри Турсунзода ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат 4 корхонаи нави саноатӣ бо харҷи зиёда аз 275 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад.

ҶДММ «Амиго», марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф», ҶСП «Саноати алюмин» ва ҶДММ «Алюминийи аввалин» аз ҷумлаи корхонаҳои сохташаванда мебошанд, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд мегарданд.

Баъди ворид ва насби технологияи муосир дар корхонаҳо истеҳсоли маводи маъдании изолиатсионӣ, қубурҳои алюминӣ, маҳсулоти пластикӣ, профил ва констуксияҳои бинокорӣ пурра бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ – алюминийи аввалияи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба роҳ монда хоҳад шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло мувофиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар 4 иншооти соҳаи саноат идома дорад. Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳо наздики 400 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди корхонаҳои нав муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дастгирии фаъолияти бахши хусусӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад ва онҳо бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешбинишуда имкон доранд, ки саҳми худро дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ гузоранд.
Ба истифода додани сардхона, боздид аз гармхона, муаррифии 4 лоиҳаи корхонаи нави саноатӣ, ифтитоҳи корхонаи хишт ва қубурҳо дар шаҳри Турсунзода 17.10.2024

Октябрь 17, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша» мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯИ ДАВЛАТӢ. Дар Шуғнон осоишгоҳи табобатӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он 653 нафар ҷавонони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд
ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
Дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шудааст
Президенти Тоҷикистон вобаста ба таъмир ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар Бадахшон дастур доданд