Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим корхонаи коркарди ангати ҶДММ «Гулчеҳра-80»-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 13, 2024 09:20

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ифтитоҳи корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулчеҳра-80» оғоз гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ шинос шуда,  ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо харҷи 920 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои ноҳияи дурдасти Ишкошим аҳаммияти муҳим дорад, зеро дар он дар баробари истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза,  ҳар мавсим бештар аз 100 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Равғани ангат ба бемориҳои зиёде даво мебошад. Аз ин рӯ, дар корхона хатти муосири технологӣ насб гардидааст, ки ашёи хомро бо сифати баланд коркард менамояд. Ашёи хом дар ин корхона меваи ангат буда, аз он 12 навъи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 500 киллограм равғани ангат аст.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ду корхона ба ҳисоби миёна дар як сол 430 литр равғани ангат истеҳсол менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти корхона барои боз ҳам беҳтар намудани сифат, зиёд кардани шумораи ҷойҳои корӣ ва бештар намудани номгуйи маҳсулоти аз равғани ангат истеҳсолшаванда ба масъулин ва соҳибкорон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Ифтитоҳи корхонаи коркарди ангати ҶДММ “Гулчеҳра-80”-и ноҳияи Ишкошим 13.10.2024

Октябрь 13, 2024 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд