Саида Ғаффорова: «Таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Сарвари давлат мо, омӯзгоронро рӯҳбаланд ва ба касбамон дилгарм месозад»

Октябрь 6, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аст, ки ҳамасола дар мамлакат Рӯзи омӯзгорон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Дар ин рӯз садҳо нафар омӯзгорони фаъол қадршиносӣ мешаванд, ки барои муаллимони ҷавон намунаи ибрат ва ҳавасмандӣ мегардад. Чунин қадршиносӣ мо, омӯзгоронро ба касби худ боз ҳам дилгарм намуда, ба иҷрои содиқонаи рисолати касбӣ дар назди ҷомеа водор месозад. Чунин иброз дошт омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 102-и шаҳри Душанбе Саида Ғаффорова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Саида Ғаффорова гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баланд бардоштани мақому нақши омӯзгоронро дар ҷомеа таъкид менамоянд, ки ин мояи хушнудӣ ва рӯҳбаландии мо, муаллимон гардидааст. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст». Ин суханони Сарвари давлат, ин эҳтиром ва боварӣ моро дучанд вазифадор менамояд, ки баҳри тарбияи насли ояндасози Ватан тамоми неруи эҷодии худро сарф намоем.

«Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассиреанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо амалӣ шудаанд»,- афзуд Саида Ғаффорова.

Ба андешаи ин муаллимаи соҳибтаҷриба, «омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф ва заҳматталаб мебошад. Омӯзгори ҳақиқӣ ҳамеша пайи ҷустуҷӯ ва навоварӣ аст. Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мешавад, дар ҳама ҷо аввал номи муаллимашро ба забон мегиранд. Он гоҳ омӯзгор аз кори худ қаноатманд ва ифтихорманд мешавад».

Омӯзгор роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғараз ва ислоҳкунандаи норасоиву нуқсонҳои шогирдон мебошад. Муаллим омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорӣ аст, зеро маҳз ӯ машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст. Муаллим ба омӯзонидани дигарон машғул асту наврасонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Беҳуда омӯзгорро чароғи ақлу нури маърифат нагуфтаанд.

Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Муаллим пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то баҳри ҷомеа насли созандаву бунёдкор ба воя расонад. Муаллим соҳиби андеша, соҳиби андарз, соҳиби панду ҳикмат аст.

Пас, ба қадри омӯзгор- равшангари роҳи фардои ҷомеа ва фарзандони мову шумо бояд ҳатман расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд