«САРБОЗИ ВАТАНРО ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамоиши ҷумҳуриявии «Сарбози Ватанро истиқбол мегирем!» дар шаҳри Бӯстон сарбозоне, ки қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан — Модар бо хоҳиши худ сарбаландона иҷро намудаанд, бо суруду шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Сарбозони далери Ватанро дар фазои тантанавӣ дар назди манзили истиқоматиашон волидайн ва меҳмонон бо шодиву комронӣ истиқбол намуданд.
Ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст.
Сарбозон даъват шуданд, ки барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳр бо ҷавонону наврасон вохӯриҳо баргузор намуда, ҳисси ватандӯстии ҷавононро бедор намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






