Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим хонаҳои истиқоматии навбунёдро барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 13, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг хонаҳои истиқоматии навбунёдро барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Биноҳои нави истиқоматӣ дар давоми бештар аз як моҳ бунёд гардида, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида суҳбати самимӣ анҷом дода, дар вазъияти тантанавӣ ба 13 оила калиди хонаҳои истиқоматиро супориданд.

Сокинон бо муҳаббату самимият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. Зеро онҳо пеш аз фарорасии зимистон соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 гектар замин ҷудо гардида буд, то ки дар ин маҳал манзилҳои истиқоматӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шавад.

Бо азму талоши созанда имрӯз дар ин ҷо маҳаллаи наве бунёд шудааст, ки хонаҳои истиқоматии он дорои 5 ҳуҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.

Роҳи маҳаллаи навбунёд дар масофаи 200 метр мумфарш ва чароғон карда шуда шудааст. Ҳамчунин ҳар як хонаи истиқоматӣ  бо хатти барқ ва об таъмин мебошанд. Дар атрофи ҳар як хона, дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои зебову рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст, ки зиннатбахши маҳаллаи навбунёданд.

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ масолеҳи зарурӣ ба зарардидагон дастрас карда шуд, то ки хонаҳои истиқоматӣ дар муҳлати муайяншуда бунёд карда шаванд.

Бинокорон манзилҳои истиқоматиро бо масолеҳи босифат сохтаанд, то ки шароити зисти зарардидагон аз пештара дида, беҳтару хубтар бошад.

Рафти корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматӣ барои аҳолии зарардида аз аввалин рӯзҳо зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ вазифадор гардида буданд, ки хонаҳои зисти шаҳрвандон дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба истифода дода шаванд.

Инчунин дар маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 8 садяк замин майдончаи варзишии наву замонавӣ сохта шудааст, ки минбаъд сокинон, хусусан наврасону ҷавонон ба тамринҳои гуногуни варзишӣ машғул мешаванд. Дар майдончаи варзишӣ  тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишӣ баҳои баланд дода, бунёди ин иншоотро  идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкоронаи  Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо сокинони маҳаллаи навбунёдро барои соҳиб шудан ба хонаҳои нав табрик карда, иброз доштаанд, ки мавзеи қитъаҳои замин ва хонаҳои пешинаатон аз нигоҳи бехатарӣ осебпазир аст, аз ин рӯ барои бунёди боғ ва дигар ҳадафҳои маишӣ минбаъд онро метавонед истифода баред.

Сарвари давлат ба масъулони соҳа супориш доданд, ки ба ҳар як оилаи маҳаллаи навбунёд 1 сар чорвои калони ҷӯшо, 10 сар моли майда ва сару либоси зимистона дастрас намоянд.
Супоридани хонаҳои истиқоматӣ ва майдончаи варзишӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ишкошим 13.10.2024

Октябрь 13, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод ба 80 хонанда либоси мактабӣ тақдим карда шуд
Дар Истаравшан ба муносибати Рӯзи дониш бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд
Дар шаҳри Турсунзода 193 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Дар шаҳраки Зарафшон-2-и ноҳияи Айнӣ сохтмони майдони Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Носири Хусрав бо корҳои сохтмонӣ шинос шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «СҲШ-плюс» дар мавзуи «Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор» иштирок намуданд
Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳритус бо вазъи зиндагии мардум ва корҳои созандагӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот намуданд