Шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд

Октябрь 2, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд  шаҳри Панҷакент нахустин шуда, 1 октябр- дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳии ҷавонон нақшаи даъват барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷро расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

То рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ 428 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз комиссияи тиббӣ гузаштанд. Аз ҷумла, 270 нафар дар мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳр ба таҳсил фаро гирифта шуда, даҳҳо нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ хизмати Ватанро интихоб намуданд.

Зимни ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ  ва ҳимояи марзу буми Ватан  ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди баору номус ва ватандӯст мебошад. Аз таърих ва осори гузаштагон маълум аст, ки ба сафи артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб мешуданд ва ин анъана имрӯз ҳам давом дорад.

Ба даъватшавандагоне, ки мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро хатм намудаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ, ба онҳое, ки дар иҷрои нақшаи даъват саҳми назаррас  гузоштаанд, «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  тақдим карда шуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар ноҳия дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ нақша иҷро гардид.

Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва муқаддаси ҳар ҷавони бонангу номус мебошад. Бо дарки ин нукта ҷавонони шуҷои ноҳия барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуданд.

Ҷавонони ноҳияи Шаҳристон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчунин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳар давлати мустақил дорои Артиши миллӣ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 дар шароити вазнин таъсис ёфта, имрӯз ба артиши замонавӣ, мактаби махсуси ҳифзи Ватан ва шуҷоату мардонагӣ табдил ёфтааст.

Дар муддати кӯтоҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният, суботу оромии мардум, пойдорӣ ва мустаҳкам гардидани давлати соҳибистиқлоламон саҳми назаррас гузоштааст.

Модаркалони яке аз даъватшавандагон Мақсад Бобоева иброз намуд, ки «фарзандонам, Ватанро дӯст доред ва ҳимоя кунед, зеро хизмат дар Артиши миллӣ вазифаи ҷонии ҳар ҷавонмард аст. Имрӯз шумо бо сари баланд ба ҳимояи марзу буми Ватан меравед ва ман боварии комил дорам, ки ин қарзи ҷавонмардиатонро пурра адо намуда, бо сари баланд боз ба назди мо бармегардед».

Дар анҷоми ҳамоиш маросими нонгазон доир шуда, ба фаъолон, волидайни наваскарон ва сарбозони дар хизмати ҳарбӣ қарордошта Ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.

АКС: Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент/ноҳияи Шаҳристон

Октябрь 2, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли 70 кг маводи нашъадор пешгирӣ гардид
Дар Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат 7 даста аз давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Вобаста ба малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад