ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 6, 2024 08:00

6 октябри соли 2015 дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин масоили ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

21 сол қабл, 6 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмиллалии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он Эъломия қабул шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардид.

***

6 октябри соли 2016 дар Маркази таърихӣ — фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали «Оши палов» доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

***

6 октябри соли 2021 дар Тоҷикистон чор ширкати нави сайёҳӣ -«Сайри якҷоя», «Маркази байналмилалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ», «Масъудиён» ва  «Хизматрасонии сайёҳӣ» вориди бозори сайёҳӣ гардиданд.

***

6 октябри соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва Ноиби президенти ҳамин бонк хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон маросими рӯнамоии ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ( «Забон ва замон») баргузор гардид.

6 ОКТЯБР:

Дар Тоҷикистон якшанбеи якуми моҳи октябр- Рӯзи омӯзгор.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Туркманистон- рӯзи гиромидошт.

***

Дар Миср- рӯзи артиш.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ханда (лабханд).

Октябрь 6, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, шанбе, 59-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, панҷшанбе, 57-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст