ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ГАРМӢ. Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ карда, рӯзҳои наздик Маркази барқу гармидиҳии № 1-и пойтахти мамлакат низ бо оби гарми қубурӣ таъмин мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Қиёмиддин Сайфуллоев хабар дод.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, 10 рӯз мешавад, ки Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуда, қисмати марказӣ ва шимолии пойтахт аллакай бо оби гарм таъмин мебошад. Ҳамзамон шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян зарур аст, то онҳо марҳила ба марҳила ба кор шуруъ намоянд.
«Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд»,-иброз намуд Қиёмиддин Сайфуллоев.
Тавре қаблан хабар додем, бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавои моҳи октябри имсола ба соли 2012 монанд хоҳад шуд. Дар даҳаи аввали моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар даҳаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳамзамон ҳаво номусоид шуда, боридани борон аз эҳтимол дур нест.
Бояд гуфт, ки дар замони муосир рушди муътадили ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир ба бунёд намудани иқтидори нав вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Ин иқдом метавонад барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъминоти пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.
Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад. Ин сатҳи таъмини аҳолии мамлакатро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд. Ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ дар таъминот бо неру ва гармӣ аҳамияти калон доранд.
Бинобар маълумоти расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ- МБГ №1, №2 ва дегхонаҳо 3 ҳазору 200 бинову иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин гардиданд. Дар мавсими зимистони солҳои 2024-2025 низ таъмини 3200 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад, ки ин барои таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш аст.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли зимистон, таъмини пурраи аҳолӣ ва иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо неруи барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти зироат, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи сӯзишворӣ ва нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2024 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор барои ҳамоҳангсозии корҳо дар самти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд. Ин ситод имрӯз барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои ин қарор фаъолияти амалӣ дорад.
«Мо пеш аз он ки шоҳқубурҳоро бо об пур намоем, аввал ҳар муассисаи давлатии шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва масъулини ҳар ноҳияро хабардор менамоем, ки шаҳрвандонро огоҳ созанд, то нуқтаҳои таъмирталабро сари вақт дуруст намоянд. Дар ҳамин замина бояд бигӯям, ки то сипарӣ гардидани мавсим мо бо шабакаҳои гармидиҳӣ зич ҳамкорӣ намуда, ҳангоми ба амал омадани садама фавран онро бартараф менамоем»,-изҳор намуд Қиёмиддин Сайфуллоев.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз