«ТАНБАШАВӢ ДАР РОҲҲОИ НАҚЛИЁТГАРД». Дар Душанбе таҳти ин унвон амалиёт гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 ноябр дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо бо номи шартии «Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои нақлиётгард» амалиёти 10-рӯзаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазорати корҳои дохилии мамлакат аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ таъмин намуда, воситаҳои нақлиётро дар ҷойҳои муайян гузоранд ва ба ҳаракати воситаҳои дигари нақлиёт монеа эҷод накунанд.
Дар ҳолати ошкор намудани қоидавайронкуниҳо дар роҳҳо нисбат ба ронандагоне, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.
Чанде пеш Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳоро шарҳ дода буд.
Тибқи иттилои манбаъ, яке аз сабабҳои асосии танбашавӣ ва роҳбандӣ- ин афзудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт — сабукрав, боркаш ва мусофирбар сабт шудааст. Дар ҳоле, ки даҳ сол пеш, соли 2014 ин рақам ба 389 ҳазор баробар буд. Аз ҷумла, дар айни замон дар Тоҷикистон 587 074 мошини сабукрав сабт шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.
Барои беҳдошти вазъият Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар асоси созишнома бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ пайваст ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Душанбе») бо маблағи беш аз 28 миллион евро эстакада – роҳи дусатҳа сохта мешавад. Ҳадафи татбиқи ин лоиҳа — баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ин минтақаҳо, паст намудани ҳолатҳои танбашавӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди пойтахт мебошад.
Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, дар мамлакат роҳу пулҳои нав, аз ҷумла эстакадаҳо (роҳҳои чандқабата) бунёд гашта, роҳу пулҳои мавҷуда навсозӣ ва васеъ карда мешаванд. Шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мегардад.
Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳоро зери муоинаи қатъӣ қарор дода, бо ин мақсад дар роҳҳо дурбинҳо (камераҳо) насб карда шудаанд.
Ҳамчунин шуруъ аз 20 июни соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои автоматикунонидаи пулакӣ барои автомобилҳо (паркинг/parking) ба кор шуруъ намуданд, ки ҳадафи асосии онҳо ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва кам кардани танбашавӣ дар роҳҳо мебошад.
Мутобиқи ин ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва низоми автоматикунонидаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (NERU) таҳия ва амалӣ гардид. Он ба татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023-2028» нигаронида шудааст.
Лоиҳаи таваққуфгоҳҳои пулакӣ иқдоми навоварона (инноватсионӣ) мебошад, ки ба низоми ташкили фазои таваққуфгоҳҳои шаҳри Душанбе тағйирот ворид мекунад. Он ба ҳалли мушкилоти таваққуфгоҳҳо, таъмини ҳаракати бароҳат ва бемамониати автомобилҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Ҷорӣ намудани низоми таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе ҳанӯз тобистони соли 2020 оғоз гардид. Ҳамон вақт дар канори кӯчаҳо аломатҳое гузошта шуданд, ки таваққуфгоҳҳои пулакиро нишон медоданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд
Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд






