«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалӣ анҷом ёфт

Октябрь 27, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе «DUSHANBE EXPO CENTRE» Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2024», ки шуруъ аз 24 октябр дар он молу маҳсулоти зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ аз 10 давлати дунё ба намоиш гузошта шуда буд, анҷом ёфт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Баргузории намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шуда, зимни он намояндагони тиҷоратӣ имкон пайдо намуданд, ки шарикони нав ёбанд.

Тавре Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъазода иброз намуд, намоишгоҳ имконияти хубе барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ мебошад. «Барои иштирокчиёни хориҷӣ дар ин намоишгоҳ имконият фароҳам гардид, ки молу маҳсулоташонро муаррифӣ намуда, ба бозори Тоҷикистон ворид шаванд. Ҳамзамон онҳо метавонанд бо истифода аз имконияте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардааст, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳо таъсис дода, маҳсулот истеҳсол кунанд», — изҳор намуд Ҷамшед Ҷумъазода.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориро ҳамчун афзалият муайян намуда, ин масъала зери таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. «Афзалияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шудааст. Дар он махсусан ба рушди бахши хусусӣ, густариши ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои гуногун афзалият дода мешавад. Сиёсати Тоҷикистон аз давраи аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати дарҳои боз мебошад, ки мо имрӯз бо беш аз 190 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатӣ дорем ва бо беш аз 100 кишвари дунё муносибати савдо ва тиҷорат ба роҳ мондаем. Баргузории чунин намоишу форумҳо, ки бахши хусусиро бо ҳам мепайванданд, ниҳоят муҳим мебошад, зеро дар доираи ин чорабинӣ соҳибкорон аз кишварҳои гуногун бо ҳам созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар оянда байни ҳамдигар тиҷоратро рушд медиҳанд»,- иброз дошт Ашурбой Солеҳзода.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ аз 10 давлати дунё, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Чин, Покистон, Эрон ва Беларус маҳсулоташонро муаррифӣ намуданд.

Намояндаи ширкати «Сатурн-1» Гулнамо Поренова иттилоъ дод, ки корхонаи онҳо аз соли 2013 ба фаъолият оғоз намуда, маводи шустушӯӣ истеҳсол менамояд. «Корхонаи мо асосан он барои тозагии хонаву коргоҳ он маводеро истеҳсол менамояд, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд. Ҳоло маҳсулоти мо воридотивазкунанда гардидааст. Мо бо брендҳои «Day»,  «Ramis» ва «Bleck» маводи шустушӯӣ истеҳсол мекунем, ки ба таври васеъ дар хонаву корхона   истифода бурда мешаванд», — гуфт ӯ.

Бо мақсади ташкили  муносибатҳои корӣ ва ҷустуҷӯи шарикон ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Русия, Узбекистон, Тайиланд, Африқо ва Маҷористон  низ дар  ин намоишгоҳ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилали универсалии «Тоҷикистон-2024» бо мақсади  густариши фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳои ватанӣ  ва таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ карда шуда, барои доираи соҳибкорию тиҷоратӣ ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ имконияти  иртиботи тиҷоратиро бо  шарикони нав фароҳам овард.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 27, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд