Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ҳамкориро дар самти экология, энергетика ва саноат тақвият мебахшанд

Октябрь 2, 2024 18:23

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар Душанбе вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки осиёии рушд таҳти роҳбарии директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Викас Шил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷонибҳо вазъи кунунии робитаҳо ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, ҷараёни таҳаввулоти иқтисодӣ ва ислоҳот, инчунин маблағгузории самтҳои афзалиятнок вобаста ба масъалаҳои тағйири иқлим, гузариш ба иқтисоди «сабз» ва навсозии иншооти стратегии мамлакатро баррасӣ намуданд.

«Мо саҳми Бонки осиёии рушдро дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим хеле қадр мекунем ва умедворем, ки ҳамкорӣ дар ин самт густариш меёбад. Масъалаҳои об  ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим ба ҳам алоқаманданд ва дар ин замина Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин аҳамияти хосса медиҳанд. Мо кӯшишҳои Бонки осиёии рушдро дар самти тағйирёбии иқлим, аз ҷумла барномаи нави минтақавии Хазинаи сабзи иқлим «Аз пиряхҳо ба хоҷагиҳо» дастгирӣ мекунем. Инчунин омодаем, ки бо дастаи Бонки осиёии рушд барои муайян намудани афзалияти иқлим дар Стратегияи нави ҳамкории иқлимии Бонки осиёии рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монем»,-гуфт Ҳоким Холиқзода.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳайати  бонк ҷиҳати  дастгирии лоиҳаи Роғун, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Тифлис зимни мулоқот бо президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакава низ баррасӣ шуда буд, изҳори сипос намуд.

«Моҳи майи соли 2025 дар Душанбе конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масълаи пиряхҳо доир мегардад, ки мо ба дастгирии Бонки осиёии рушд дар ин самт ва иштироки бонк дар ин конфронс умед дорем. Ҳамчунин бояд изҳор намоям, ки ташаббуси Бонки осиёии рушд оид ба ҷудо намудани беш аз 100,0 миллиард доллар барои мубориза бо тағйирёбии иқлим барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ сазовори эҳтироми бузург аст», — афзуд муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки дар густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои экология, энергетика, саноат, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасонии бонкӣ, молиявӣ ва дигар бахшҳои пешбари иқтисодиёт дурнамои бузургро мебинанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 2, 2024 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2430 сомонӣ муқаррар шудааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид