Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мушовири калон — Роҳбари бахши ҳамкории дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Изабел Уриз Эрнандес дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба истифода ва густариши долони байналмилалии нақлиётии Фарохазар (Транскаспийск), инчунин пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои автомобилгарди давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шабакаи роҳҳои автомобилгарди Аврупо (The Trans-European Transport Network, TEN-T)-ро муҳокима намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба таҳқиқоти Иттиҳоди Аврупо вобаста ба раванди пешбурди Стратегияи «Дарвозаи ҷаҳонӣ» — и Иттиҳоди Аврупо (EU Global Gateway) барои Осиёи Марказӣ барои дарёфт ва муайян намудани долонҳои байналмилалии нақлиётӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Намояндаи дафтари Иттиҳоди Аврупо иброз дошт, ки дар давраи кӯтоҳмуддат Иттиҳоди Аврупо талошҳои худро ба ҷалби сармоягузории инфрасохторӣ, алалхусус барои рушди гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо як истгоҳ ва як маркази муштараки логистикӣ дар минтақаи гузаргоҳи сарҳади давлатии «Фотеҳобод», воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, инчунин ба татбиқи системаи ҳамгироишудаи идоракунии сарҳад ва ҳамоҳангсозии шабакаҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамояд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






