То соли 2030 шумораи одамони фарбеҳ дар ҷаҳон ба 41 фоиз мерасад. Баҳри пешгирии он чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми чор даҳсолаи охир дар саросари ҷаҳон шумораи одамони дорои вазни зиёдатӣ ва фарбеҳ афзоиш ёфта, бино ба гуфтаи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи одамони фарбеҳ то соли 2030 ба 41 фоиз мерасад. Дар Тоҷикистон барои бартараф намудани ин мушкилӣ «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» амалӣ мегардад. Омилҳои асосии пайдоиши фарбеҳӣ ва пешгирӣ аз онро доктори илмҳои тиб Давлат Шодиев шарҳ дод.
Омили асосии хатари пайдоиши фарбеҳӣ кадом аст?
Фарбеҳӣ бемории музминест, ки равғаннокии зиёди организмро нишон медиҳад. Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани фарбеҳӣ, истеъмоли хӯроки серғизо ва камҳаракатии шахс мебошад. Қатъи назар аз миқдори хӯрок, дар ҳолати серкалория будани он, вазнгирӣ ба вуҷуд меояд. Ба ҳамин тариқ, бо сабаби истеъмоли барзиёди чарбуҳо, маҳсулотҳои қаннодӣ ва камҳаракатӣ кас метавонад дар кӯтоҳтарин фурсат гирифтори ин беморӣ шавад.
Аз фарбеҳӣ фаъолияти муқаррарии узвҳо халалдор гардида, бемориҳои дигар, аз қабили ишемияи дил, фишорбаландӣ, диабети қанд навъи 2, остеоартроз, қабзияти меъда ва амсоли инҳо сар мезананд.
Роҳҳои пешгирии фарбеҳӣ
Пешгирии фарбеҳӣ аз иродаи қавии инсон вобастагии калон дорад. Яъне, шахс бояд парҳезгор бошад. Яке аз роҳҳои пешгирии фарбеҳӣ, истеъмоли маҳсулоте, ки аз орди навъи дуюму сеюм омода шудаанд, ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, вақти хариди маҳсулот, бояд ба навиштаҷоти он, хусусан миқдори чарбуяш, аҳамият дод. Дигар ин ки, беҳтар аст, хӯрок аз равғани рустаниҳо тайёр шавад. Инчунин, бояд аз истифодаи зиёди намак, таъмдиҳандаҳо, ғизоҳои тезтайёр, истеъмоли нӯшокиҳои ширини газнок дурӣ ҷуст.
Ҳамчунин истеъмоли ғизо бояд реҷа дошта бошад, масъалан, саҳар бояд хӯроки серғизо истеъмол кард, дар нисфирӯзӣ на он қадар серғизо, бегоҳӣ беҳтараш аз истеъмол худдорӣ бояд намуд. Инчунин шабона истеҳсоли меваҷоти ширин низ тавсия дода намешавад, зеро дар таркиби онҳо глюкоза мавҷуд аст, ки метавонад фарбеҳиро афзоиш диҳад.
Ин беморӣ чӣ гуна табобат мешавад?
Ба гуфтаи мутахассис, бояд ҳар шахс дар реҷаи худ, истеъмоли маҳсулоти қаннодӣ ва нониро маҳдуд намояд ва ба ҷои онҳо маҳсулоти тезу тундро истифода барад. Бо меъёр истеъмол намудани хӯрок ба кам шудани вазни инсон сабаб мегардад. Яке аз роҳҳои дигари кам намудани вазни бадан, тоза намудани узвҳоии ҳозима мебошад, ки он ба воситаи обҳои маъданӣ, ромашка, бобуна, пӯпаки ҷуворимакка ва дигар гиёҳҳои шифобахш амалӣ мешавад.
Ба варзиш мунтазам машғул шудан, дар як шабонарӯз 7000-8000 метр қадам задан, истеъмоли ғизои дуруст ва солим, худдорӣ намудан аз истеъмоли зиёди маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ ва истеъмоли доимии меваю сабзавот роҳҳои пешгирии фарбеҳӣ мебошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст






