«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун ҷаласаи машваратӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Тоҷикистон озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор мешавад. Озмуни мазкур шуруъ аз 1 октябр дар се давр оғоз гардида, то 15 декабри соли 2024 идома меёбад. Вобаста ба баргузории ин озмун дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев иттилоъ дод, ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрели соли 2025) баргузор карда мешавад.
Номинатсияҳои озмун- эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти мамлакат мебошанд.
Назрихуҷа Сайдалиев афзуд, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии тамоми сокинону истиқоматкунандагони пойтахт аз ҷониби шаҳрдории Душанбе пайваста озмуну чорабиниҳои гуногун ба роҳ монда мешаванд. Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» аз ин ҷумла мебошад.
Озмуни мазкур байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони касбу кори гуногун, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд, баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»








ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд






