ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Дар «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст

Октябрь 2, 2024 08:28

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» дар баробари омӯзиши 4 касби соҳаи барқ, ҳамчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад. Ҳамчунин барои ҳавасмандӣ ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст. Дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон таъсис дода шудааст. Занони касбомӯз кӯдакони худро дар ин марказ гузошта, дар синфхонаҳо дарс меомӯзанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки 27 сентябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» ифтитоҳ гардид. Маркази мазкур аз бинои таълимӣ ва хобгоҳи 4-ошёна бо 130 ҷойи хоб, 8 устохонаи таълимӣ ва биноҳои ёрирасон иборат аст.

Новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шаванд.

Шароити муҳайёгардида дар ин марказ имконият медиҳад, ки то 150 нафар дар як баст ба таълим фаро гирифта шуда, ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1800 нафар ба касбомӯзи ҷалб гардад. Марказ аз 10 синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар Маркази рушди малакаҳои касбӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст. Иншооти навбунёд бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он камераҳои назоратӣ насб гардидааст.

Дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 57 ҳуҷра ва 130 ҷойи хоб таъсис дода шудааст.

Дар Марказ омӯзиши малакаҳои касбӣ дар мувофиқа бо ассотсиатсияҳои соҳавӣ муайян шудааст. Барномаҳои нави таълимӣ барои давраи кӯтоҳтар нисбат ба таълими муқаррарӣ барои гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ки имкони пардохти таълим ё сарфи вақти барои барномаи ТИКТО дар шакли рӯзона муқарраргардидаро надоранд, пешбинӣ карда мешавад.

Иншооти мазкур бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, тамоми синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар давраи сардиҳо тавассути он пурра бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2024 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»