Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Қосимӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки аз 2 то 4 октябр дар шаҳри Дублини Ирландия мегузарад, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иштирокчиёни ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар иҷлосияи якум масъалаҳои «Давраи низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо: мусоидат ба муколама, ҳалли низоъ, дастгирии миёнаравӣ, созиш ва барқарорсозии пас аз низоъ», дар иҷлосияи дуюм «Ҳалли буҳрони иқлимӣ — нақши вакилони парлумон дар иҷрои уҳдадориҳои глобалӣ дар пешорӯи COP29» ва дар ҷаласаи сеюм «Такмили идоракунии муҳоҷират дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои мусоидат ба рушди устувор»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Дублини Ирландия кори худро давом медиҳад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






