Вазъи муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар кадом сатҳ қарор дорад?
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 69 081 нафар мебошад, ки 25 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 6777 кӯдак зиёд буда, 3 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки дар рушду инкишофи кӯдак таҳсили томактабӣ зинаи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад. Маҳз ин зина дар омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии ӯ мусоидат менамояд.
Ба ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Дарси сулҳ 1 сентябри соли 2024 изҳор доштанд, ки «бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, мо ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем. Шумораи ин муассисаҳо соли равон ба 720 адад расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 169 муассиса ва 33 ҳазор кӯдакон танҳо ба шаҳри Душанбе рост меоянд».
Сарвари давлат изҳори ташвиш намуданд, ки ин шумора ҳанӯз хеле кам мебошад, зеро фарогирии кӯдакон дар миқёси мамлакат ҳамагӣ 22 фоизро ташкил медиҳад.
«Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» қабул гардидааст, ки аз оғози татбиқи он қариб чор сол гузашт. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии бахшҳои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахлдошта боиси нигаронӣ мебошад», -таъкид намуданд Роҳбари давлат.
Бояд таъкид намуд, ки дар айни замон дар вилояти Суғд 286 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 46 ҳазору 908 кӯдак дар 1802 гурӯҳ ва 1003 гурӯҳи инкишофи кӯдак бо фарогирии 22 ҳазору 173 кӯдак амал менамояд.
Дар баробари ин, фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 13,3 фоиз, Панҷакент 16,8 фоиз, Деваштич 17,7 фоиз буда, аз сатҳи вилоят пасттар мебошад.
Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2378 нафар мураббӣ ба таълиму тарбия машғул буда, аз ин 1506 нафар (63,3 фоиз) дорои таҳсили олӣ, 392 нафар (16,4 фоиз) дорои таҳсилоти олии нопурра ва 480 нафар (20,3 фоиз) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.
Агар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 63,3 фоизи мураббиён бо таҳсили олӣ фаъолият намоянд, ин нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 26,3 фоиз, Мастчоҳ 33,8 фоиз ва Исфара 49,3 фоиз аст, ки аз сатҳи вилоят паст мебошад.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда, аз ҷумла Истиқлол аз 19 нафар 14 нафар (73,6 фоиз) ва дар Мастчоҳ аз 65 нафар 34 нафар (52,3 фоиз) бо таҳсили миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки аз сатҳи вилоят зиёд мебошанд.
Ин нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 59,3 фоиз, Конибодом 57,2 фоиз, Деваштич 29,2 фоиз ва Ҷаббор Расулов 23,5 фоизро ташкил медиҳад ва ин вазъ ислоҳи ҳарчи зудтарро тақозо дорад.
Яке аз сабабҳои дигари паст будани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар Вазорати маориф ва илм ба таври дахлдор иҷро нагардидани Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, арзёбӣ намуданд.
Тибқи талаботи барнома, давоми солҳои 2020-2023 дар вилоят бояд 96 муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Аммо то ин давра 23 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шудааст, ки 24 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Иҷрои барнома дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 112,5 фоиз, Исфара- 50 фоиз, Гулистон- 40, Хуҷанд- 37 ва Мастчоҳ 33 фоизро ташкил медиҳад, ки аз сатҳи вилоят аз 5 то 85,5 фоиз зиёд мебошад.
Мутаассифона, барои иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти то-мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Деваштич, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ягон муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода нашудааст.
Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Дарси сулҳ 1 сентябри соли 2024 ба роҳбарони шаҳру вилоятҳои мамлакат дастуру супориш доданд, ки зимни пешбурди корҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, корҳои сохтмони ин гуна муассисаҳоро суръат бахшанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2023 низ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара вазъи иҷрои қисматҳои асосии «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»-ро, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад, ташвишовар арзёбӣ намуда буданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид






