ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар соҳаи маорифи шаҳри Роғун 463 тонна ангишт, 215 метри мукааб ҳезум ва 2320 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст

Октябрь 20, 2024 15:30

РОҒУН, 20.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» нақшаи чорабиниҳои  шаҳри Роғун  бобати боз ҳам беҳтар омода намудани шароити корӣ ва таҳсил барои хонандагон тасдиқ гардид. Дар асоси он  дар соҳаи маориф  463 тонна ангишт, 215 метри мукааб ҳезум ва 2320 литр  сӯзишвории дизелӣ захира карда шуд.   Инчунин дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббию филиалҳои китобхонаҳои шуъбаи фарҳанги шаҳр 46 тонна ангишт, 32 метри мукааб ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира  гардидааст.

Аз ҳисоби буҷети шаҳри Роғун барои хариди ангишту сӯзишворӣ барои сохторҳои давлатӣ 717,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, то  ин давра 95 фоизи ин маблағ ҷудо гардидааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон бояд аз тарафи аҳолии деҳаҳои ҳудуди шаҳри Роғун 7374,2 тонна ангишт, 11884,3 метри мукааб ҳезум ва 14548 литр сӯзишворӣ  захира карда шавад.  Хушбахтона, аҳолии шаҳр то имрӯз зиёда аз 6000 тонна ангишт, 10 225  метри мукааб ҳезум ва ба қадри кофӣ сӯзишвории дизелӣ захира намудаанд.

Корхонаи воҳиди давлатии “СОКО ва ХМК” дар шаҳри Роғун барои таъмини оби нӯшокӣ дар 3505 хоҷагӣ, 42 корхонаи буҷетӣ ва 97  корхонаи худмаблағгузор ва хусусӣ хизмат мерасонад. Дар корхона 7 чоҳи амудӣ, 7 трансформатори гуногунҳаҷм ва 27 км хати оби нӯшокӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ҳамчунин барои мавсими тирамоҳу зимистон шаш техникаи гуногун омода шуда, ба миқдори зарурӣ  маводи зиддилағжиш захира гардидааст.

Бо мақсади пура таъмин намудани аҳолии шаҳр  бо қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон  аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳри Роғун  корҳои таъмир, илова намудани равғани трансформаторҳои қудратӣ бо таҷҳизоти қудратии равғандор, иваз намудани ҷудокунакҳои ростпайванд, буриши дарахтон дар хатҳои барқ ва дигар корҳо амалӣ мегарданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик