ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он чӣ гуна омодагӣ гирифтаанд?

Октябрь 15, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо ин мақсад ба ҳолати 8 октябри соли 2024 ба миқдори 44 ҳазору 569,7 тонна ангишт, 39 ҳазору 961,7 метри мукааб ҳезум ва 19 ҳазору 609 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи талабот ва меёърҳои тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илм, нақшаи захираи ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ, маҳсулоти озуқаворӣ барои муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ шуда, барои иҷро ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва муассисаҳои зертобеъ ирсол гардид. Дар айни замон тибқи талабот дар доираи маблағҳои пешбинигардида захираи маводи сӯхт ва хӯрокворӣ идома дорад.

Аз ҷумла, талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ 56 ҳазору 290 тонна ангишт, 54 ҳазору 176,1 метри мукааб ҳезум ва 116 ҳазору 810 литр сӯзишвории дизелиро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 8 октябри соли 2024, ангишт 79 фоиз, ҳезум 74 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 17 фоиз иҷро гардидааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва нақшаи захиранамоии маводи асосии гармидиҳӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе захираи ангишт 28 фоиз, ҳезум 109 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 130 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд захиранамоии ангишт 100 фоиз, ҳезум 100 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ ба 7 фоиз баробар аст.

Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон захираи ангишт 86 фоиз, ҳезум 66 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 10 фоизро ташкил медиҳад.

Талаботи муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ ба 5450,5 тонна ангишт, 7737,9 метри мукааб ҳезум ва 1790 литр сӯзишвории дизелӣ баробар мебошад. Ба ҳолати 8 октябри соли 2024, 5465,83 тонна ангишт (100 фоиз), 7521,7 метри мукааб ҳезум (97 фоиз) ва 700 литр сӯзишвории дизелӣ (39 фоиз) захира карда шудааст.

Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ захираи ангишт 64,3 фоиз, ҳезум 54,5 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 23,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 1591 дегхонаи хурду бузург, 23 ҳазору 648 гармкунаки барқӣ ва 47 ҳазору 834 печи аловӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода гардидаанд.

Барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ 25 ҳазору 548,6 метри мураббаъ шишабандии дару тирезаҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 8 октябри соли 2024 дар 15 046 метри мураббаъ ё 58,9 фоиз шишабандӣ иҷро гардидааст.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис намуда, ҷараёни омодагиҳои шуъбаҳои маорифи мамлакатро зери назорат қарор медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 15, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КРАНҲОИ БОРБАРДОРИ ТОҶИКИСТОН. Он бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надорад
«ШАҲРИ САБЗ». Дар Душанбе микроавтобусҳои барқӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Чин Созишнома дар бораи воридшавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим ба имзо расид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Киҳо метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд?
Дар Остона Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи CAREC баргузор шуд
Дар Женева татбиқи ҳадафҳои лоиҳаи АСИКУДА баррасӣ гардид
3 ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «CIIE-2024» дар Чин маҳсулоташонро ба намоиш гузоштаанд
Масъалаи ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Ашқобод ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ доир шуд
Байни «Тоҷикаэронавигатсия» ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷони Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дурнамои муносибатҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин дар самти баланд бардоштани гардиши савдо баррасӣ шуд