9 варзишгари Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс иштирок мекунанд

Ноябрь 28, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву тамриниро дар шаҳри Душанбе анҷом дода, барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба бокс ба шаҳри Тайиланд рафтанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд аз 28 ноябр то 12 декабр бо иштироки беҳтарин муштзанони қораи Осиё доир мегардад. Дар мусобиқа беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 давлати Осиё рақобат менамоянд.

Муштзанҳои тоҷик дар ин мусобиқа дар 9 вазн зери роҳнамоии мураббиҳо Рустам Музаффаров, Муҳаммадҷон Тошохунов ва Алӣ Бобоҷонов иштирок мекунанд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ин мусобиқа байни мардон Меҳрон Шафиев дар вазни 48 кг, Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг, Акмал Убайдов дар вазни 60 кг, Шуҳрат Саломатов дар вазни 67 кг, Шаҳобҷон Шукуров дар вазни 71 кг, Абдумалик Болтаев дар вазни 80 кг, Аҳмадҷон Саидов дар вазни 86 кг, Парвиз Каримов дар вазни 92 кг ва байни духтарон Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг рақобат менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 28, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад