Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
ДУШАНБЕ,19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои дастаи мунтахаби гӯштии юнону румии Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар вазни то 60 кг дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнону румӣ барои ҷоизаҳои губернатори Ямал (Русия) соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа 16-17 ноябри соли 2024 дар шаҳри Тарко-Сале бо иштироки 120 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қирғизистон ва 20 субъекти Федератсияи Русия баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки охирин маротиба дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Асламҷон Азизов моҳи июни соли 2022 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин байни ҷавонони то 23- сола дар равияи юнону румӣ дар вазни то 55 кг дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон соҳиби медали нуқра шуда буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






