Бахшида ба Рӯзи Президент дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷаласа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати навини тоҷикон ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби мардуми сарбаланду хештаншиноси тоҷик дар шакли ҷумҳурии президентӣ қабул гардидани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
«Мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсият ва хизматҳои бузургу шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ дорад», — иброз шуд дар чорабинӣ.
Дар идома кормандони Агентӣ оид ба аҳамияти таърихӣ доштани ин сана дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон маъруза ва наворҳои иҷтимоӣ пешниҳод намуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






