Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ки дар шаҳри Ар-Риёз аз 25 то 27 ноябр баргузор гардид, байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсади Ёддошти ҳамкорӣ амалисозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар заминаи эътимод, баробарӣ, нафъи мутақобил ва мусоидат ба рушди робитаҳо байни субъектҳои иқтисодии ду давлат мебошад.
Санад ҳамкории ҷонибҳоро дар соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотии муштарак, муҳофизати растаниҳо аз касалию ҳашароти зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, парвариш ва мубодилаи тухмиҳои афзалиятноки зироати кишоварзӣ, омӯзиши мушкилоти соҳаи кишовaрзӣ ва ҳалли онҳо ба танзим медарорад.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






