«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд

Ноябрь 26, 2024 17:43

ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25-26 ноябр дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо хуни дил» намоишгоҳи мустанади адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба намоиш маҷмуаи ашъори адибону шоирони Беларус ва аксу ашёи таърихӣ пешниҳод гардид, ки онҳоро омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои олӣ, аҳли санъату ҳунар ва ходимони илмии Осорхонаи миллӣ тамошо намуданд.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода  иброз намуд, баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар давлатҳои ҳамдигар, ки ба анъанаи устувор табдил ёфтааст, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар муносиботи ду давлат мебошад. Солҳои 2008, 2016 ва 2021 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуданд. Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон солҳои 2007, 2015 ва 2018 дар сатҳи баланд гузаштанд.

«Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо хуни дил» намоишгоҳи мустанади адабӣ баргузор гардид, ки барои шинос шудан бо таъриху фарҳанги давлатҳо хеле созгор аст. Сатрҳои шоиронаи ин эҷодкорон дар ҳар саҳифаи ин намоишгоҳи пурмазмун баръало намоён гардид»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар намоиш аксу ашёи таърихии қаҳрамонҳои миллати тоҷик, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок намудаанд, аз ҷумла аксҳои Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Муҳаммад Иброҳимов, Толбек Пираков, Муҳсин Ҳусайнов, Шариф Раҳимов, Азим Раҳимов, Гурлӣ Расулов, Вилдан Ҳабиев, Фатҳулло Аҳмедов, Ҳайдар Қосимов, Носир Абдуллоев, Мамадҷон Тоиров, Мумин Алимҷонов ва дигарон, ки дар озодкунии Ҷумҳурии Беларус аз фашизм саҳм гузоштаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябр ба анҷом мерасанд.

 АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид