«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25-26 ноябр дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо хуни дил» намоишгоҳи мустанади адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба намоиш маҷмуаи ашъори адибону шоирони Беларус ва аксу ашёи таърихӣ пешниҳод гардид, ки онҳоро омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои олӣ, аҳли санъату ҳунар ва ходимони илмии Осорхонаи миллӣ тамошо намуданд.
Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода иброз намуд, баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар давлатҳои ҳамдигар, ки ба анъанаи устувор табдил ёфтааст, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар муносиботи ду давлат мебошад. Солҳои 2008, 2016 ва 2021 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуданд. Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон солҳои 2007, 2015 ва 2018 дар сатҳи баланд гузаштанд.
«Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо хуни дил» намоишгоҳи мустанади адабӣ баргузор гардид, ки барои шинос шудан бо таъриху фарҳанги давлатҳо хеле созгор аст. Сатрҳои шоиронаи ин эҷодкорон дар ҳар саҳифаи ин намоишгоҳи пурмазмун баръало намоён гардид»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар намоиш аксу ашёи таърихии қаҳрамонҳои миллати тоҷик, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок намудаанд, аз ҷумла аксҳои Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Муҳаммад Иброҳимов, Толбек Пираков, Муҳсин Ҳусайнов, Шариф Раҳимов, Азим Раҳимов, Гурлӣ Расулов, Вилдан Ҳабиев, Фатҳулло Аҳмедов, Ҳайдар Қосимов, Носир Абдуллоев, Мамадҷон Тоиров, Мумин Алимҷонов ва дигарон, ки дар озодкунии Ҷумҳурии Беларус аз фашизм саҳм гузоштаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябр ба анҷом мерасанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид






