Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода, доир ба моҳияти қонуни асосӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, нақши он дар танзими муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеа, эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсону шаҳрванд дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо назардошти таклифу дархостҳои аҳолӣ, фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қабл аз ҳама, бо дастуру тавсияҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо риояи меъёрҳои демократӣ қабул гардид ва ба сифати дастури раҳнамунсоз шоҳроҳи миллати моро ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав муайян сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмиллалӣ ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки он мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ бо маърузаҳои баландмазмун сухан гуфта, фикру ақидаи худро оиди бузургӣ ва аҳамияти муҳимми таърихӣ доштани ин санади олии ҳуқуқӣ иброз намуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






