Дар Ашқобод ҷаласаи 48-уми Шурои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ баргузор мешавад

Ноябрь 13, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 ноябр дар Ашқобод ҷаласаи 48-уми Шурои байниҳукуматии роҳсозони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар ҷаласа намояндагони созмонҳои роҳсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  роҳбарони вазоратҳои нақлиёти давлатҳо ва аъзои созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.

Мавзуи ҷаласа «Сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард, татбиқи технологияи нав, маҳсулот, техника ва таҷҳизоти муосир дар соҳаи роҳсозӣ» мебошад.  Зимни ҷаласа асосан масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, муосиркунонӣ ва истифодаи роҳҳои мошингард баррасӣ карда мешаванд.

Иштирокчиён тамоюли муҳим ва мушкилотеро, ки хадамоти роҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо он рӯ ба рӯ мешаванд,  баррасӣ намуда, таҷрибаи дар соҳаи инноватсия ва рушди устувори инфрасохтор ҳосилнамударо мубодила мекунанд.

Шурои байниҳукуматии роҳсозон соли 1992 ташкил шуда буд. Ин созмони беназир маъмурияти нақлиёти автомобилӣ ва корхонаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар чаҳорчӯби шарикии давлат ва бахши хусусӣ муттаҳид мекунад. Шуро аз замони таъсис барои фаъолияти самараноки инфрасохтори автомобилӣ ва роҳсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд қарори муҳим таҳия намудааст.

 АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 13, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст