Дар Бохтар бинои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 9, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои нави Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бино аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи наву ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта шудааст. Дар ошёнаҳои якуму дуюм утоқҳои кории кормандон бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар ошёнаи сеюми бино толори маҷлисгоҳ, меҳмонхона ва ошхона ҷойгир шудааст.

Ин бинои ҳафтум дар вилоят мебошад, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ сохта шудааст.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин биноҳои наву замонавӣ ба истифода диҳад.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 9, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд