Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

Ноябрь 22, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат  Ҳоким Холиқзода иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори муосири сайёҳӣ дар маҳалҳои дурдаст ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бунёд гардид. Ин омил сабаби ҷалби бештари сайёҳон ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ мегардад.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир мегузорад.

Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иттилоъ дод, ки дар 9 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун гардишгар ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  17,3 фоиз зиёд аст.

Инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра  бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 5 санади ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмуъ 22 санади ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

Соҳаи сайёҳӣ ба беҳтар гардидани сатҳи  хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо ва хӯроки умумӣ таъсир мерасонад. Рушди ин соҳа боиси зиёд гардидани ҷойи нави кор, воридшавии асъори хориҷӣ ва тақвияти нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат барои рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, истифодаи заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва ташкили фаъолияти маҳалу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо давоми соли 2024 корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи шуро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат, амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ 29 ноябри соли равон  дар маркази вилояти Хатлон баргузор мегардад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад