Дар Душанбе Форуми байналмилалии молиявӣ баргузор гардид

Ноябрь 1, 2024 14:48

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар Душанбе Форуми байналмилалии молиявии «ESG* — ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди мамлакат» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар форум муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва шарикони рушд доир ба рӯзмарра будани мавзуи форум, таҳияи санадҳои дахлдор вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ, корпоративӣ (ESG), ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, таҳияи нақшаи гузариш ба ҷанбаҳои “сабз”, рушди бозори вомбаргҳои “сабз” ва ҷорӣ намудани принсипҳои маблағгузории устувор тавассути омӯхтани таҷрибаи хуби байналмилалӣ сухан намуданд.

Дар қисмати ҷаласаҳои пленарӣ мутахассисони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти молиявии байналмилалӣ, ташкилоти молиявии қарзӣ ва ширкатҳои рақамии мамлакат оид ба мавзуъҳои «ESG – масъалаҳои ҷорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин дар сармоягузории масъулиятнок», «Парадигмаи нави ESG дар стратегияи сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Вазъи кунунӣ ва рушди минбаъда дар Тоҷикистон», «Инноватсия дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ ба корхонаҳои хурду миёна ҳамчун омили ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор» ҳарф зада, аз таҷрибаҳои худ ҳангоми қабули қарорҳо вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG) бо иштирокдорон табодули назар намуданд.

Дар қисмати муҳокимаҳои панелӣ мавзуъҳои рушди маблағгузории “сабз” дар муассисаҳои молиявии Тоҷикистон, маҳсулоти муосири молиявӣ барои рушди устувор, финтех – ҳамчун омили рушди сармоягузорӣ, рушди соҳибкории занон ва ҷавонон дар асоси принсипҳои ESG – стратегияи дарозмуддат барои бунёди тиҷорати муваффақ ва устувор бо назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаи беҳтарин барои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми форум ба кормандони фаъол ва собиқадори низоми бонкии мамлакат ва чанд ташкилоти қарзии молиявӣ Ифтихорнома ва нишони “Аълочии Ассотсиатсияи ташкилоти маблағгузории Тоҷикистон” тақдим гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

___________
ESG*Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ. Он маҷмуи хусусиятҳои идоракунии ширкате мебошад, ки бо ҷалби ширкатҳо ба ҳалли мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ мусоидат менамояд.

 

Ноябрь 1, 2024 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад