Дар Душанбе масоили таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо технологияи муосир баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, аз қабили тармиму таъмири бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳкими пояи моддиву техникии ин муассисаҳо 11 ноябр дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва офитсери шуъбаи иҷтимоии Бонки Осиёии рушд хонум Шин Лонг баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки масъалаҳои муҳиму ҳалталабе, ки имрӯз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо рӯ ба рӯ аст, бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад.
Шин Лонг гуфт, ки Бонки Осиёии рушд омода аст дар робита ба мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, аз ҷумла сохтмони биноҳои хуштарҳу замонавӣ, таҳкими пояи моддию техникӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ ва дастурамалҳои корӣ ба кумита муосидат намояд. Инчунин Бонки Осиёии рушд дар мавриди сохтани бинои сеошёна бо таҳхона, ки барои фанҳои дақиқ, алалхусус риёзӣ ихтисос дода мешавад, изҳори омодагӣ намуд. Гуфта шуд, ки сохтмони бино нимаи дуюми соли 2025 оғоз гардида, соли 2026 ба истифода дода мешавад.
Ҷонибҳо барои таҳкиму густариши бештари ҳамкории муштарак ва истифодаи тамоми имконияту зарфияти мавҷуда изҳори ҳавасмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои расидан ба мақсадҳо дар ин замина амалан талош мекунанд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






