Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид

Ноябрь 14, 2024 13:58

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» ба истинод ба ин кумита.

Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати Бонки Осиёии рушд татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби ин бонк маблағгузоришаванда, аз ҷумла лоиҳаҳои «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» ва «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-ро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аз татбиқи лоиҳаҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон  барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар доираи дигар лоиҳаҳои нави сармоягузории давлатӣ изҳори омодагӣ карда шуд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»