Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 26, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он байни маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба маблағи умумии 49,8 миллион доллар 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Мақсади форум аз муаррифии имконияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, фароҳам овардани майдони муколамаи созанда ва мубодилаи афкору таҷриба бо мақомоти давлатӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, коршиносони байналмилалию миллии соҳавӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ дар ин минтақаҳо, ҷалби сармоя ва технологияи муосир, ба роҳ мондани тиҷорати электронӣ ва усулҳои иқтисоди «сабз» дар фаъолияти субъектҳои минтақаҳо иборат буд.

Дар доираи форум дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ молу маҳсулоти истеҳсоли субъектҳои хоҷагидори минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар ҷаласаи пленарии форум аз ҷониби роҳбарони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, намояндагони шарикони рушди мамлакат ва соҳибкорони муваффақ рӯнамоҳо вобаста ба масъалаҳои имконияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, муаррифии прототипи онлайн-каталоги маҳсулоти истеҳсолшавандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба роҳ мондани стартапҳо ва тиҷорати электронӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ пешниҳод шуданд.

Иштирокчиёни форум бо фаъолият ва имконияти сармоягузории Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад