Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд

Ноябрь 26, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА», аз ҷумла Шурои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодӣ дар мавзуи «Рушди «сабз» дар минтақаи СПЕКА» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар форум ҳайатҳои сатҳи баланди кишварҳои иштирокчии Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА», бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Форум зиёда аз 100 мутахассиси соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба самтҳои рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ, рушди низоми устувори нақлиёт, ҷалби сармоягузории мутақобил ва содагардонии расмиёти савдоро дар минтақа ҷамъ овард.

Дар рӯзи аввали форум масъалаҳои мубрами рушди «сабз», истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва қоҳиш додани оқибатҳои он, ҷорӣ намудани нақлиёти фарогир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, содагардонии расмиёти савдо, инчунин масъалаҳои рушди бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷмуъ рӯзи аввали форум пурмаҳсул арзёбӣ гардида, иштирокчиён тавонистанд дар бораи масъалаҳои рӯзнома мубодилаи афкор намоянд.

Натиҷаҳои форум ба кишварҳои иштирокчии минтақаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА» имкон медиҳад, ки ҳамкории бисёрҷонибаро ба сатҳи нав бароварда, дар ҳалли вазифаҳои муҳим сиёсати ягонаро татбиқ намоянд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад