Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе даври якуми озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ.
Озмун аз 1 октябр дар се давр оғоз гардида, то 15 декабр идома меёбад. Ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт моҳи апрели соли 2025 баргузор мешавад.
Дар озмун донишҷӯёни факултетҳои муассиса аз рӯйи чор номинатсия — эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри беҳтарин дар васфи шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахт ва суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти мамлакат иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Озмунро аъзои ҳакамон баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро ба даври ноҳиявӣ пешниҳод намуданд.
Озмуни «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқӣ, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони касбу кори гуногун, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд, баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад.
АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






