Дар Остона ҳолат ва дурнамои ҳамкории зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни иштирок дар Конфронси якуми солонаи аъзои Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ бо роҳбари Комиссияи мустақили зиддикоррупсионии минтақаи махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду мақомот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд робитаҳои байниидоравӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият дода шаванд.
Иброз гардид, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






