Дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди партовҳо аз маводи пластикӣ ва коғазу оҳан бунёд мегардад
ХОРУҒ, 24.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вазъи экологӣ дар ҳудуди шаҳр пурра тағйир ёфта, барои тозаву озода нигоҳ доштани хиёбону кӯчаҳои шаҳр шумораи партовгоҳҳо ба 37 адад расонида шуд. Дар аксар кӯчаҳо ҳамчунин 100 қуттии муосир барои ҷамъкунии партовҳои пластикӣ, полиэтиленӣ ва коғаз гузошта шуд. Бо бунёди корхонаи коргарди партовҳо аз маводи пластикӣ, коғазу оҳан ва шиша вазъи экологӣ дар шаҳр боз ҳам беҳтар мегардад, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, аз тарафи Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ давоми рӯз аз 38 то 42 метри мукааб партови сахти маишӣ бароварда шуда, ба мавзеи Вируйҷак, ки дар масофаи 15 километр дуртар аз ҳудуди шаҳр ҷойгир аст, интиқол дода мешавад.
Бо мақсади беҳтар гардидани вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии коммуналӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиенӣ ва ободонӣ дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи коркарди партов аз маводи пластикӣ, коғазу оҳан ва шиша бунёд мегардад. Дарозии бино 12 метрро ташкил дода, паҳноии он 10 метр мебошад.
Сохтмони биноро коргарони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Дастони тиллоӣ» бар уҳда гирифта, қисми бетонрезӣ дар таҳкурсии бино ба анҷом расидааст. Коргарон бо истифода аз маҳлули махсус бар зидди намӣ зербиноро қавӣ намуда, ба хиштчинӣ омода мешаванд. Ҳоло сарфи назар аз фарорасии сардӣ корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома доранд. Коргарон бе ягон таъхир бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ таъмин шуда, бетонро дар худи майдончаи сохтмонӣ омода менамоянд.
Ба иттилои масъулини сохтмон, корҳои хиштчинӣ, андовакунӣ ва васлу насби дару тирезаҳо то моҳи апрели соли оянда идома ёфта, дар ҳамин моҳ ин иншооти барои шаҳри Хоруғ хеле муҳим ба истифода дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






