Дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид

Ноябрь 14, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба танзим даровардани нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва дастрасии мардум ба маҳсулоти табиии мавриди ниёз бо нархи дастрас мебошад. Дар намоиш-фурӯш ба сокинони шаҳри Хоруғ орд, равған, пиёз, картошка, сабзӣ, гӯшти гову гӯсфанд, мева ва дигар маҳсулоти зарурии рӯзгор бо нархи аз бозор арзонтар пешниҳод гардид.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ зимни дидани намоиш-фурӯши маҳсулот иброз доштанд, ки минбаъд бояд номгӯи маҳсулот бештар гардида, чунин намоиш-фурӯшҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ гузаронида шаванд.

Таъкид гардид, ки дар намоиш-фурӯшҳо нархи маҳсулот бояд аз нархи бозор нисбатан арзон бошад. Ҳамчунин бояд ба сифати маҳсулоти мавриди ниёзи аввал таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноябрь 14, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»