Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаи тақвияти чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигаҳдошти солимии хонаводаҳо ва ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон, аз байн бурдани дигар зуҳуроти халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода иброз дошт, ки «ҳадафи ҷамъомади имрӯза ин натиҷабардорӣ аз рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Хатлон аз 8 апрели соли 2024 вобаста ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ доир ба тақвияти чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигаҳдошти солимии хонаводаҳо ва ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон дар ҳудуди оила ва омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона мебошад».
Шариф Назарзода бо овардани далелҳои мушаххас аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ иброз намуд, ки фаъолияти якҷояи мақомоту идораҳо ва институтҳои шаҳрвандӣ, ҳамчунин фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо усули «хона ба хона» ба пешгирии зуҳуроти номатлуб дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон мусоидат намуда, баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон мусоидат намуд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки фаъолияти якҷояи гурӯҳҳои кории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо милитсия ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо мардум, баланд бардоштани ҳуввияти миллии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, эмин нигоҳ доштани суннатҳои ниёгон ва оинҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тақлид ба фарҳанги бегона мусоидат намуд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






