Дар шаҳри Остона ҷаласаҳои муштараки СААД баргузор гардиданд

Ноябрь 28, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Шералӣ Мирзо ва котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар шаҳри Остона дар ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарони ҳайатҳо доир ба вазъи ҳарбию сиёсӣ дар манотиқи мавриди масъулияти амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор намуда, ҳамчунин маълумотро вобаста ба авлавияти раёсати ояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин созмон шуниданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи мамлакатро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмон бо тамаркуз ба вазъи амнияти дастҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард.

Аз натиҷаи ҷаласаи муштарак лоиҳаи Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва чанд қарори сарони давлатҳо барои пешниҳоди минбаъда қабул гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид
Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд