Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
ТУРСУНЗОДА, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода 22 канали худҷорӣ мавҷуд аст, ки ба воситаи онҳо 13 ҳазору 459 гектар заминҳо пурра обёрӣ мешаванд.
Сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода Сорбон Рӯзиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод, ки дар асоси нақшаи тозакунии каналҳо, омода намудани онҳо барои зимистон ва таъмини оби полезӣ дар соли 2025 дар канали Даюб корҳои тозакунӣ оғоз шуданд. То имрӯз зиёда аз 5,5 километри канали Даюб тоза карда шудааст. Канали Даюб 12,5 километр дарозӣ дошта, ба он аз дарёи Ширкент об ҷорӣ мешавад. Тавассути он 850 гектар заминҳои ҳудуди ҷамоатҳои Пахтаобод, Навобод ва 10-солагии Истиқлолият обёрӣ мешаванд. 8 техникаи корӣ ба тозанамоии каналу заҳбур ва заҳкашҳо ҷалб шуда, мутахассисон кӯшиш доранд дар муҳлати муайяншуда корҳоро иҷро намоянд.
Дар 5 мавзеи шаҳри Турсунзода 8 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки дар айни замон онҳо ба таъмир фаро гирифта шудаанд.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода бо 1948 нафар шартнома бастааст. Аз он 1898 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 30 адад хоҷагии ёрирасон, 8 адад хоҷагии ҷамоавӣ ва 8 шартнома бо ҷамоати шаҳраку деҳот мебошад.
Ҳарчанд Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода соли 2024 ба мушкилоти зиёд ва офатҳои табиӣ дучор гардид, вале дар якҷоягӣ бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дигар сохторҳои дахлдор ин мушкилиҳоро сари вақт бартараф карда, 13 459 гектар замини киштро обёрӣ намуд. Бо ин дар рушди соҳаи кишоварзии шаҳр саҳми арзанда гузошт.
Мутаассифона, мушкилии асосии кори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода- ин сари вақт напардохтани ҳаққи хизматрасонӣ барои об мебошад. Тибқи маълумоти роҳбарияти ин идора, то имрӯз муштариён аз ҳаққи истифодаи оби полезӣ як миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарздор ҳастанд.
АКС: Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода








Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






