«ДАР ТАЛОШИ ҲАҚИҚАТ». Филми коргардони тоҷик соҳиби аввалин ҷоизаи байналмилалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат»-и коргардони ҷавон Манзаралӣ Шералӣ дар Синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии «Листопад» соҳиби Диплом гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии «Листопад» аз 1 то 8 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат» дар озмуни асосии филмҳои ҳунарӣ иштирок ва рақобат намуд.
Ёдовар мешавем, ки имсол ин филм дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» аввалин ҷоизаи миллӣ- «Беҳтарин филми ҳунарӣ»-ро сазовор гардид.
Коргардони филм Манзаралӣ Шералӣ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки «аввалин ҷоизаи миллӣ барои ба даст овардани ҷоизаҳои байналмилалӣ роҳ кушод. Баъди ба даст овардани аввалин ҷоиза дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филми мо акнун соҳиби аввалин ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Ин ҷоизаро барои рушди бештари синамои миллӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон мебахшем!».
Филми «Дар талоши ҳақиқат» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардорӣ шуда, ба ҳаёти рӯзноманигор бахшида шудааст.
Нахустнамоиши он 26 январи соли равон дар кинотолори «Кохи Наврӯз» доир гардида буд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






