Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд

Ноябрь 28, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Маркази ташхисию табобатии «Чину Тоҷик» дар Тоҷикистон кӯдакону наврасоне, ки бемории нуқсони  модарзодии дил доранд, аз ташхиси ройгон гузаронида шуданд. Ҳамзамон даҳ нафар  кӯдакону наврасони то 10-сола, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз байни ин беморон кӯдакони оилаҳое, ки имконияти гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дилро надоранд, дар  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд. Инчунин он кӯдаконе, ки ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд, бо ҷалби мутахассисони Тоҷикистон ва Чин дар мамлакат ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Сардухтури беморхонаи ноҳияи Синсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷарроҳ Пан Дунмин иброз намуд, ки ҳадаф аз ин иқдом табодули таҷриба ва пешгирии зиёдшавии бемориҳои нуқсони  модарзодии дил дар байни кӯдакону наврасон мебошад.

«Мо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаем, ки бо марказҳои тиббии пойтахт шинос шуда, муассисаҳои тиббиро бо таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ таъмин намоем. Зеро сол то сол дар ҷаҳон шумораи кӯдаконе, ки бо бемории нуқсони  модарзодии дил таваллуд мешаванд, меафзояд. Ҳамзамон мо роҳҳои пешгирӣ ва сабабҳои ин бемориро муайян менамоем»,- гуфт Пан Дунмин.

Маркази ташхисию табобатии «Чину Тоҷик» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз даҳ нафар кӯдакони то 10-соларо, ки бемориҳои нуқсони  модарзодии дил доранд, ройгон ҷарроҳӣ намояд.

Бемории модарзодии дил нуқсоне аст, ки аз рӯзи таваллуд дар дил мавҷуд аст. Камбудӣ метавонад ба рагҳои хун, клапанҳо ва девораҳои дил таъсир расонад. Зеро нуқсонҳои модарзодӣ иллату осебҳое мебошанд,  ки бинобар сабаби ихтилофи инкишофи организм ҳангоми дар батни модар будани тифл ба вуҷуд меоянд.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, яке аз омилҳои ҳанӯз дар батни модар ба ин беморӣ гирифтор шудани тифлон- ин омили генетикӣ, яъне никоҳи хешутаборӣ аст, ки сабаби паҳншавии нуқсонҳои модарзодӣ мегардад. Омили дигар- бемориҳои сироятӣ мебошанд. Агар падар ё модар дорои бемориҳои сироятии ситомегаловирус, вируси одии герпесӣ ё токсоплазмоз бошад, он метавонад сабаби пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ гардад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки нуқсони модарзодии системаи асаб, нуқсони модарзодии дил, чураи ҳароммағз, атрезияи сурхрӯда, атрезияи сӯрохии маъбад ва синдроми дауна нуқсонҳои модарзодие мебошанд, ки дар ҷаҳон бештар вомехӯранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 28, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН. Таҳти ин унвон аксияи ҷумҳуриявӣ идома дорад
«ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи илмӣ доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
Маликшо Неъматзода ва Евгений Примаков рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид