Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид

Ноябрь 21, 2024 09:26

ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии ҷамъбастии Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода, намояндагони Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд (KfW) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.

Дар вохӯрӣ Аҳлиддин Нуриддинзода ба намояндагони Ҳукумати Олмон ва Бонки олмонии рушд барои саҳми арзанда дар ин барнома изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат муайян гардидааст.

Инчунин иброз гардид, ки ин барнома аз оғоз дар моҳи майи соли 2021 панҷ муассисаи молиявии хурди Тоҷикистонро дастгирӣ карда, ба тақвияти занҷираҳои арзиши иловашуда дар кишоварзӣ ва дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи маҳаллӣ мусоидат намуд.

Таъкид гардид, ки барнома тавонист дастрасии деҳқонон ба захираҳои молиявӣ беҳтар намуда, рушди устувори иқтисодиро дар минтақаҳои деҳот таъмин созад. Ҳамчунин барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигар ва тақвияти ҳамкорӣ бо Бонки олмонии рушд изҳори омодагӣ карда шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2024 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад