Дар Тоҷикистон намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ифтитоҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр бо ташаббус ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон байни роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» вохӯрии маҷозӣ доир гардид, ки зимни он масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳокима гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва узви Шурои иҷроияи федералии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» Андреас Ян оид ба аҳамияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмонро сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки ин ҳамкорӣ ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон намояндагони ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки барои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои содирот ва воридот, инчунин рушди сармоягузорӣ ва ташаббусҳои тиҷоратии байниҳамдигарӣ имконоти зиёде вуҷуд доранд, ки бояд истифода гарданд.
Дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» имзо гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи сафари ҳайати Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ба Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2025 ба мувофиқа расиданд. Дар доираи ин сафар ифтитоҳи намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» беш аз 900 000 ширкатро муттаҳид мекунад. Ҳоло дар Олмон 300 намояндагӣ ва дар кишварҳои хориҷӣ беш аз 70 намояндагии ин Ассотсиатсия фаъолият менамоянд. Ифтитоҳи намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи олмонӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин ворид гардидани ширкатҳои ватанӣ ба бозорҳои Олмон ва Аврупо мусоидат менамояд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид






