Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст

Октябрь 13, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо таъму сифати аъло  дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо карда, содироти он яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии кишвар  ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, воридоти ангур ва дигар маҳсулоти тару тозаи кишоварзии Тоҷикистон ба  бозорҳои хориҷӣ дар муаррифии имкониятҳои истеҳсолии мамлакат, дастгирии кишоварзон ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот  аҳаммияти муҳим дорад.

Ба таъкиди мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия, вилояти Пенза аз ҷумлаи минтақаҳое  мебошад, ки метавонад  барои густариши ҳамкории  тиҷоратӣ  дар  самти  таъмини аҳолии вилоят  бо маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон заминаи муносиб фароҳам оварад.  Содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба ин минтақа дар баробари таъмини талаботи бозор, барои таҳкими робитаҳои иқтисодии ду ҷониб ва тавсеаи доираи шарикони тиҷоратӣ замина мегузорад.

Ангури Тоҷикистон бо таъми нотакрор, сифати баланд ва гуногуннавъӣ аз маҳсулоти серталаби мавсимӣ ба шумор меравад. Иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва таҷрибаи чандинсолаи кишоварзони тоҷик барои парвариши маҳсулоти босифат имконият фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, истеҳсол ва содироти дигар маҳсулоти кишоварзӣ, метавонад ба васеъ гардидани имкониятҳои бозорёбии маҳсулоти ватанӣ мусоидат намояд.

Барои таъмини рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои хориҷӣ риояи талаботи сифат ва бехатарии озуқаворӣ, дуруст ба роҳ мондани ҷамъоварӣ, ҷудокунии маҳсулот аз рӯйи навъу сифат, бастабандии муносиб ва нигоҳдории он аҳаммияти хос дорад. Ин омилҳо на танҳо ба ҳифзи сифати маҳсулот ҳангоми интиқол, балки ба баланд бардоштани эътимоди шарикони тиҷоратӣ низ мусоидат мекунанд.

Густариши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳамзамон барои фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ, дастгирии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳар қадар маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи устувор пайдо намояд, ҳамон андоза имкониятҳои истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолии кишвар бештар мегарданд.

Дар маҷмуъ, содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Федератсияи Русия яке аз самтҳои муҳими тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ буда, рушди минбаъдаи ин он метавонад ба муаррифии имкониятҳои кишоварзии мамлакат ва таҳкими мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид