Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳо ва дар кинотеатри «Наврӯз» Рӯзҳои синамои Беларус доир мешаванд.
Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобили судманди фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 25 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли ҳунар баргузор мегарданд.
Дар назар аст, ки ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор барномаи ҳунарӣ пешниҳод намояд. Инчунин ҳайати расмӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз» ва Маҷмааи «Истиқлол»-ро тамошо менамояд.
26 ноябр, соати 10:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади «Орзуи қаҳрамон» ва соати 17:00 филми тасвирии «Суруди Сирен» намоиш дода мешавад.
Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои «Устод ва шогирд» гузаронида мешаванд.
Имсол маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд.
Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст. Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018 ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






